Гирифтааст маро дар миёни тамошое
Ки дар хаёл наёварда ҳеҷ бенаӣ
Бар остони ту дил аз шикаста поён аст
Агар чаҳ мекашадам дида ҳар нафас ҷое
Ҳамин на баҳр сулаймон кашидаанд бисот
Ки ҳаст дар дил ҳар мӯри маҷлиси ороӣ
Чисони зи кори ту ғофил шаванд биноён ?
Ки ҳаст ҷунбиш ҳар мӯии корфармое
Намондааст зи иқболи ишқ дар дили ман
Ба ғайри тарки таманно дигар таманное
Куҷост ҷазбаи тавфиқи даст мо гирад ?
Ки май кашеми зи дунболи корвони пое
Хамаш чу об гуҳар мерӯем то дарё
Начидаем ба худ ҳамчуи сайли ғавғое
Сипеҳри сабзаи хобида Эйаст дар қадамаш
Ки дидааст ба ин рутбаи сарви болоӣ ?
Ба ман зи ҷӯши тараби ҳамчуи об равшан шуд
Ки ҳаст дар дили пари хӯни ман длороиӣ
Маро ки пораи дил моҳпораҳ гардӣда аст
Наёядам ба назари ҳеҷ моҳи симое
Гарон ба санги маломат шудааст ин маҷнӯн
Фиғон ки нест дарин шаҳри Тифли бенаӣ
Ба ҷони расидами азин шаҳри банди пурваҳшат
Ҷунун куҷост ки худро кашам ба саҳройӣ
Ба офтоби ҷҳонтоб кӣ расад соиб ?
Агар чаҳ дар сар ҳар зарра ҳаст савдое