Намонад дашти ҷунунро рамидаи оҳӯе
Ки пеши ваҳшати ман таҳ накард зонуе
Чу қибла гумшудагонаст дидаи саргардон
Ба маҳфилӣ ки дар ӯ нест тоқи абрӯе
Чу доғи лола ба ҳар ҷонибӣ ки ме нагарм
Маро иҳота намӯдааст оташини рӯе
Чу шамъи гиряи мастонаро ғанимати дон
Ки ҳар нафас буд ин оби талх дар ҷӯӣ
Шавад зи як дили бедор , олимии бедор
Ҳазор хуфта барояд зи хоб аз ҳўиӣ
Азон сапанди дарин базм шуд баланди овоз
Ки сохт хурдаи ҷони сарфи оташини рӯе
Азин чаҳ суд ки мӯят сифед гардӣдааст ?
Туро чу нест ғами оқибати сари мӯе
Ҳузури маънии бегонаро ғанимати дон
Дарин замона ки қаҳтаст ошнорўиӣ
Маро ки малики ҷаҳон дар назар наме омад
Хароби сохт тамошои тоқи абрӯе
Муроди мардуми озода шустан дастӣ аст
Маро басаст чу сарв аз ҷаҳони лаби ҷӯӣ
На ман зи дил , на дил аз ҳоли ман хабар дорад
Чу нофае ки фитад аз рамидаи оҳӯе
Шавад чу фохтаи соиби зи поси дили озод
Касе ки дод дили худ ба сарви дилҷӯе