эй он ки дил ба давлати бедори баста Эй

Дар роҳи барқ , сади хасу хори баста Эй

эй бехабар ки тақвият нафас ме кунӣ

Ғофил машав ки гург ба пурвори баста Эй

Дар пеш ҳар ки ғайри худои бастае камар

Зинҳори пораи соз ки зуннори баста Эй

Як сӯ фикандае зи назари пардаи ҳаё

Бар дили ҳазор пардаи зангори баста Эй

Созӣ равони з ҳар мижаи сад корвони ашк

Гар во кунанд ончии ту дар бори баста Эй

Сайлоби ҳодисот туро мекунад зи ҷо

Доман агар ба домани кҳсори баста Эй

Тоҷ зараст ҷои ту кӯтоҳи байн ва ту

Дил бар садаф чу гавҳари шҳўори баста Эй

Хоҳӣ ба бод дод сари сабзи худ чу шамъ

Зинсон ки дил ба турраи таррори баста Эй

Ҷузи шикваи ҳарфӣ аз ту таровуш наме кунад

Аз шукри як қалами лаби изҳори баста Эй

Нақд ҳаёт додае аз дасти ройгон

Чун сиккаи дил ба дарҳаму динори баста Эй

Ғайр аз сиёҳ кардани авроқи умри хеш

Соиб дигар чаҳ тарафи зи гуфтори бастае ?