Тӯмори умр тай шуд ва ғофил нишаста Эй
Бархест шӯри ҳашар ва ту коҳил нишаста Эй
Дар водӣӣ ки барқ хӯрд неши коҳилӣ
Аз ғифлат орамида чу манзил нишаста Эй
Нилӯфари сипеҳр ба хӯни ту ташна аст
эй лолаи шукуфта чаҳ ғофил нишаста Эй
Хизри раҳеу пушт ба девор дода Эй
Ойӣнае , чаҳ суд ки дар гул нишаста Эй
Бар чеҳраи ?ут чигуна дар файз во шавад ?
Охири кадоми шаб ба дар дил нишастае ?
Дар каъбаеу пушт ба миҳроб карда Эй
Ҳам маҳмилӣ ба Лайлӣ ва ғофил нишаста Эй
Чандини ҳазор марҳала мебоядат бурид
То равшанат шавад ки ба манзил нишаста Эй
Ин он ғазал ки файзии ширин калом гуфт
Дар дидаам халида ва дар дил нишаста Эй