эй ҷон ба қайди гунбади хзро чигунае ?

эй бода дар шиканҷаи мино чигунае ?

эй шабнами биҳишт ки хуршед доғ туаст

Аз иштиёқи олами боло чигунае ?

эй лолае ки чашм ба саҳрои гушӯда Эй

Зери сияҳи гилӣми сувидо чигунае ?

эй бодае ки хами з ту бшикофт чун анор

Дар қайди шишаи хонаи дилҳо чигунае ?

эй шишае ки сояи гул бар ту санг буд

Дар зери дасти ҳамлаи хоро чигунае ?

эй боди хуши хиром ки гули сина чок туаст

Дар кӯчаи банди зулфи чилипо чигунае ?

эй шуълае ки таври сапанд фурӯғ туаст

Дар миҷмари шикастаи дилҳо чигунае ?

эй шоҳбози домани саҳрои ломакон

Дар тангнои байзаи дунё чигунае ?

эй барқи хонаи сӯз ки наиллат дар оташ аст

Дар тобхонаҳи ҷигари мо чигунае ?

эй қатра аз ҷудои қулзум чаҳ мекунӣ ?

эй мавҷ бе кашокаши дарё чигунае ?

Дарёи зи интизори ту бар хок ме тапад

эй қатра аз ҷудои дарё чигунае ?

Соиби ҷавоби он ғазал мавлавӣаст ин

К-эй гавҳар фузуда зи дарё чигунае ?