Тифлӣ каз ӯ марост таманнои оштӣ
Дорад ба ҷанги рағбати ҳалвои оштӣ
Аз аҷзи мо қарор ба таслим дода ем
Ҳам лутф ӯ магар кунад иншои оштӣ
Ҳар кас ки кардааст тамошои ҷанги мо
Имрӯзи гӯи биё ба тамошои оштӣ
Умеди сулҳ агар чаҳ надорад касе зи ту
Бигзор аз барои худои ҷои оштӣ
Дар табъи ҷангҷӯии ту ҳар чанд раҳм нест
Дил мекашад ҳамон ба таманнои оштӣ
Шомӣаст дили сиёҳ ки субҳаш падед нест
Ҷангӣ ки дар миён набӯд пои оштӣ
Ҳайрат фикандааст ба дороломони маро
На фикр ҷанг дорам ва на рои оштӣ
Соиб касе ки чошнии ҷанг ёр ёфт
Гардид бе ниёзи зи ҳалвои оштӣ