эй зулфи мшкбори ту аз раҳмати оятӣ

Вази лаъли обдори ту кавсари ривоятӣ

Ҷузи сояи қади ту ки эй подшоҳи ҳасан

Рӯй замин гирифт ба хобидаи роятӣ ?

Хомаш нишин ки зулфи дарозаш на он шаб аст

Кохр шавад ба ҳарф касе ё ҳикоятӣ

Он кас ки бар ҷароҳат мо мезанад намак

намекард коши ҳақи намакро риоятӣ

Парвонаи мурод ба гардиш кунад тавоф

Дорад чу шамъ ҳар ки забони шикоятӣ

Чашмӣ каз ӯст хонаи умеди ман хароб

Маъмур мекунад ба нигоҳии вилоятӣ

Аз гмрҳии манол ки хуршед дода аст

Ҳар зарраро ба даст , чароғи ҳидоятӣ

Бедор аз насим қиёмат наме шавад

Дар ҳар ки нест нолаи неро сироятӣ

Дар хомшӣаст айши нафасҳои сӯхта

Ин шамъ аз насим надорад шикоятӣ

Тадбири ҷони супурдану осӯда гаштан аст

Он роҳро ки нест умеди ниҳоятӣ

Аз тунди боди ҳодисаи шамъи марои бихар

Чун даст даст туаст , ба дасти ҳимоятӣ

Чун субҳ , фатҳ рӯй замин дар рикоб ӯст

Онро ки ҳаст чун нафаси рости роятӣ

Тангаст вақти он даҳан аз хати анбарин

Гар мекунӣ ба соиби бедили аноятӣ