Ҳайфаст умри сарф тамошо кунад касе

Чун боз бе шикори назар во кунад касе

Ойӣнааст оламу симоби раҳравон

Осӯдагӣ чигуна таманно кунад касе ?

Аз дори по ба курсии афлок май наад

Худро агар сабк чу масеҳо кунад касе

Дар манзили нахуст фано мешавад тамом

Ҳар чанд зоди роҳ муҳайё кунад касе

Зини хору хас ки рехти алойиқ ба роҳи мо

Фурсат куҷост чашм ба боло кунад касе ?

Олами тамоми як гул бехор ме шавад

Дилро агар зи кӣна мусаффо кунад касе

Оҳани дилон ба оҳ мулоим наме шаванд

Чун қуфли бастаро ба нафас во кунад касе ?

Изҳори дард , марг гаулӯгир дигараст

Чун арзи дарди худ ба масеҳо кунад касе ?

Ширин кунем ком чу тӯтӣ ба ҳарфи хуш

Гар дар шукри музоиқа бо мо кунад касе

Холӣ накарда домани атфолро зи санг

Зулмаст рӯ ба доман саҳро кунад касе

Чун оқибати гузоштанӣ ва гузаштанӣ аст

Соиб чаҳ илтифот ба дунё кунад касе ?