То кӣ ғубори хотир саҳро шавад касе ?
Чун гирдбод , бодия паймо шавад касе
Май боядаш ҳазор қадаҳи хӯн ба сар кашид
То дар мазоқи халқ гуворо шавад касе
Авзоъи зишти мардум олам надӣданӣ аст
Имрӯз сарфа нест ки бино шавад касе
Равшандилӣ ки лиззат таҷред ёфта аст
Берун равад зи хеш чу пайдо шавад касе
То ме тавон зи обилаи даст ризқ хӯрд
Баҳр чаҳ хӯшаи чин сурайё шавад касе ?
Онҷост одамӣ ки дилаш орамида аст
Ҳар лаҳзае агар чаҳ ба сад ҷо шавад касе
Ҳарфи мақом қофила бораст бар дилаш
Чун пештари зи кӯч муҳайё шавад касе
Чун дар ҳубоб , мавҷи пару бол во кунад ?
Дар тангнои чархи чисон во шавад касе ?
Дар чашми ин сиёҳи дилони субҳ козиб аст
Дар равшанӣ агар яд Байзо шавад касе
То ме тавон зи лиззати дидор маҳв шуд
Бихўд чаро зи ншоӣаҳ саҳбо шавад касе ?
То мумкинаст зистан аз халқ бе ниёз
Розӣ чаро ба нанг таманно шавад касе ?
То сари тавон ниҳод ба зонуии худ , чаро
Миннатпазир болаш хоро шавад касе ?
Май боядаш ба хӯн ҷигар хӯрд ғӯта ҳо
То аз ғубори ҷисм мусаффо шавад касе ?
Мижгон ҳануз дод тамошо надода аст
Он фурсат аз куҷост ки бино шавад касе
Як аҳл дард нест ба дард сухан расад
Хунаш ба гарданаст ки гуё шавад касе
Соиб басаст фикри хату холи глрхон
То кӣ сиёҳи хайма савдо шавад касе ?