Онро ки нест завқи висоли шикастагӣ

Дар дили хулд чу шишаи хаёли шикастагӣ

Моҳ аз шикастагӣ ба тамомӣ расида аст

Ғофил машав зи ҳасани моли шикастагӣ

Дар маҳшараст як сару гардани баландтар

Бошад сиррӣ ки дар таҳи боли шикастагӣ

Бо нақси хуши броӣ ки чун моҳ шуд тамом

Ларзад ба худ зи бими заволи шикастагӣ

Чун шиша май хулд ба дилам май зи ҷоми зар

То об хӯрдаам зи суфоли шикастагӣ

Шодам ба длшкстгии худ ки роҳ нест

Айни алкмолиро ба камоли шикастагӣ

Сад чашми ҳамчуи силсила зулфам орзӯаст

То сайр бингарам ба ҷамоли шикастагӣ

Аз саркашӣаст рӯзии ашҷори захми санг

Аз санг эминаст ниҳоли шикастагӣ

Аз кӯдакони шикаста маҷнӯн шавад дуруст

Сангаст мумиёеи боли шикастагӣ

Зулмаст дар суфол май лаъли рехтан

Хӯн диласт ризқи ҳалоли шикастагӣ

Зон тарҳ май даҳум ба хазон рӯй худ ки ҳаст

Парвози ман чу ранг ба боли шикастагӣ

Афғон ки шишаи дили нозуки хаёли ман

Гардид тўтёи зи хаёли шикастагӣ

Дар арзи як ду ҳафта чу моҳаш кунад тамом

Нохун занад ба дил чу ҳилоли шикастагӣ

Соиби шикастаи шӯ ки кунад зулфи пуршикан

Тасхири малики дил ба хисоли шикастагӣ