Чанд аз баҳори ишқи қаноат ба хас кунӣ ?

Дар ошиёнаи айш ба ёд қафас кунӣ

Аз хӯни лаъл , тешаи мардон баҳор кард

Зини кӯҳсор чанд ба овоза бас кунӣ ?

Дар сайдгоҳи ишқ , ҳумо мавҷ ме занад

Чун анкабут чанд шикор магас кунӣ ?

Лавҳи дилӣ ки оинаи роз олам аст

Ҳайфаст ҳайфи таҳтаи машқ ҳавас кунӣ

Сайлоби бозгашт ба саҳро наме кунад

Он роҳ нест ишқ ки рӯи боз пас кунӣ

Дар корвон агар нарисӣ он қадр бакӯш

Каз даври гӯши вақфи садоӣ ҷарас кунӣ

Зинсон ки май рӯй паии гуфтор , оқибат

Сар чун ҳубоб дар сари кор нафас кунӣ

Аз оташини дмон ба фиғонӣ кун иқтидо

Соиб агар татаббуъи девон кас кунӣ