Доими ситеза бо дил аФгор ме кунӣ

Бо лашкари шикаста чаҳ пайкор мекунӣ ?

эй вой агар ба гиряи хунини буруни даҳум

Хӯнӣ ки дар дилами ту ситамкор ме кунӣ

Бо ин ҳаловатӣ ки дили олам аз ту сӯхт

Астодгӣ ба шарбат бемор ме кунӣ

Шармандаи нестӣ ки ба ин дастгоҳи ҳасан

Дил май барии зи мардум ва инкор мекунӣ ?

Ин ҷилвае ки ман зи ту бебок дида ам

Бар сарв , тавқи фохта зуннор ме кунӣ

Юсуф ба хона рӯй з бозор ме кунад

Ҳргаҳи зи хона рӯй ба бозор ме кунӣ

Гар бигузарӣ ба сарву санавбар , зи бори дил

Дар ҷилваи нахуст сбкбор ме кунӣ

Гардӣ каз ӯ баланд шавад оҳ ҳасрат аст

Бар ҳар гули замин ки ту рафтор ме кунӣ

Чашм бадат мабод , ки бо чашми ним хоб

Бар халқи нози давлат бедор ме кунӣ

Зини об хушгувор шавад тишнагии зиёд

Варна алоҷи ташна дидор ме кунӣ

Гул бар дар қафаси зан ва дар чашми доми хок

Раҳмӣ агар ба мурғ гирифтор ме кунӣ

Як рӯз агар кунад зи ту ойӣна , рӯи ниҳон

Раҳмӣ ба ҳоли ташна дидор ме кунӣ

Ранги шикастаро ба забон эҳтиёҷ нест

Соиби абас чаҳ дарди худ изҳор мекунӣ ?