Лангари дарин хароб барои чаҳ мекунӣ ?

Дар роҳи сайли хоб барои чаҳ мекунӣ ?

Таъмири хонае ки буд дар гузори сайл

эй хонимони хароб барои чаҳ мекунӣ ?

Мӯии сифед , гардаи субҳ қиёмат аст

Дар вақти субҳи хоб барои чаҳ мекунӣ ?

Андешааст лангари умри сабки Аннан

Дар гуфтугӯи шитоб барои чаҳ мекунӣ ?

Ҷурми ту аз ҳисоб бурунаст ва аз шумор

Андеша аз ҳисоб барои чаҳ мекунӣ ?

Нақшаст ҳар чаҳ ҳаст дарин хонаи ғайри ҳақ

Аз мардумони ҳиҷоб барои чаҳ мекунӣ ?

Аз тири каҷи камони набарди каҷравии бурун

Бо осмони итоб барои чаҳ мекунӣ ?

Баҳрӣ ки мекунӣ талабаш дар канор туаст

эй мавҷ , изтироб барои чаҳ мекунӣ ?

эй гавҳари гиромии ин баҳр , чун ҳубоб

Сар дар сари шароб барои чаҳ мекунӣ ?

Кавсар ба хокбўси ниҳоли ту ташна аст

Дилҳои халқи об барои чаҳ мекунӣ ?

Дил нест гавҳарӣ ки дарорад ба риштаи сар

Сомони печу тоб барои чаҳ мекунӣ ?

Соиби ҷаҳони пуч буд қулзуми сароб

Лангари дарин сароб барои чаҳ мекунӣ ?