Чандон ба Хизри соз ки аз худ бадари шӯй

Каз худ бурун чу хайма задӣ роҳбари шӯй

Чандон талош кун ки туро бехабар кунанд

Чун бехабар шудӣ зи ҷаҳони бохабари шӯй

Шабнам ба офтоб расед аз фурӯтанӣ

Афтодаи шӯи магари ту ҳам аз хок бар шӯй

Шуд оби талхи гавҳари шҳўор дар садаф

Аз худ ту ҳам сафар кун , шояд гуҳари шӯй

Аз қулзумӣ ки Нӯҳи мусаллам бадар нарафт

Ту хушки мағз дар ғами онӣ китар шӯй

Ҳиммати баланддор , чаҳ чизаст ин ҷаҳон ?

То қонеъ аз худоӣ ба ин мухтасари шӯй

Чун сӯзан аз либоси таъаллуқи бараҳнаи шӯ

То бо Масеҳи поки нафаси ҳамсафари шӯй

Соиби ҷавоби он ғазаласт ин ки хоҷа гуфт

эй бихбр бакӯш ки соҳиби хабари шӯй