То раҳнаварди водии савдо наме шӯй
Ахтаршиноси обилаи по наме шӯй
То брнхизӣ аз сари ин тираи хокдон
Сарви риёзи олами боло наме шӯй
То чун ҳубоб тахт насозӣ зи тоҷи хеш
Бе чашми захми восили дарё наме шӯй
То ҳамчуи ғунча танг нагирӣ ба хештан
Аз ҷунбиши насим чу гули во наме шӯй
То бар маҳак туро назанад санги кӯдакон
Дар Мисри ишқи қобили савдо наме шӯй
То хорхор ишқ напечад туро ба ҳам
Чун гирдбоди марҳалаи паймо наме шӯй
Субҳи умеди ханда шодӣ наме кунад
То ноумед аз ҳамаи дунё наме шӯй
Дар миваи ту то раги хомӣ ба ҷой ҳаст
Дар коми рӯзгори гуворо наме шӯй
Соиб ба гирд худ накунӣ то сафар чу чарх
Сар то ба пои дидаи бино наме шӯй