Дилро агар чаҳ нест зи дилдори огаҳӣ
Дилдорро буд зи дили зори огаҳӣ
Бемор агар зи дард буд ғофил аз табиб
Дорад вале табиби зи бемори огаҳӣ
Аз нофа нест оҳӯӣ Ром кардаро хабар
Ошиқ надорад аз дили аФгори огаҳӣ
Он бардааст роҳ ба марказ ки несташ
Аз сайру даври хеш чу паргори огаҳӣ
Меҳр хамӯшем ба даҳан чун садаф заданд
То ёфтам зи гавҳари асрори огаҳӣ
Бигушо назар чу сӯзану борӣки шӯ чу тор
Дорӣ агар зи нозукии кори огаҳӣ
Дар шаҳри занг , оина дар занги хўштрст
Пеши сияҳ дилон макун изҳори огаҳӣ
Хӯн мекунанд бар сар ҳар хори раҳравон
Ёбанд агар зи лиззати озори огаҳӣ
Аз печу тоб кашф шавад хурдаҳои роз
Дорад зи ганҷи зерзамини мори огаҳӣ
Ангушти эътироз ба гуфтор мо манеҳ
Моро чу хома нест зи гуфтори огаҳӣ
Меҳраш ба лаб зананд чу холи даҳони ёр
Онро ки медиҳанд зи асрори огаҳӣ
Пӯшидагии ҳиҷоб басират наме шавад
Дорад зи хуфтагони дили бедори огаҳӣ
Соиби марои з бехабарӣ нест шиква Эй
Бар хотири латиф буд бори огаҳӣ
Ин он ғазал ки мавлавӣ рӯм гуфта аст
Кор он кунад ки дорад аз кори огаҳӣ