Бо аҳли дил эй гардиши афлок чаҳ дорӣ ?
эй занг ба ин оинаи пок чаҳ дорӣ ?
Дӯдам ба фалак бар шуду гирдам ба ҳаво рафт
Дигар ба ман эй шуъла бебок чаҳ дорӣ ?
Бигзор ба дарди дили худ мотамён ро
Бо ҷони ҳазину дили ғамнок чаҳ дорӣ ?
Дар қатъ умедастгар осӯдагӣӣ ҳаст
Роҳати тамаъ аз ҷони ҳўснок чаҳ дорӣ ?
То абр баҳорон нашавад чашми ту аз дард
Зоҳир нашавад бар ту ки дар хок чаҳ дорӣ
Умеди фурӯғ аз мау хуршеди дарин базм
Бо равшании шуълаи идрок чаҳ дорӣ ?
Хуршеди дарин доира хӯн мехӯрд аз давр
Хам дар хами он ҳалқаи фитрок чаҳ дорӣ ?
Аз суҳбати боди саҳар эй ғунчаи бедил
Дар даст ба ҷузи синаи сдчок чаҳ дорӣ ?
Соиби зи шаби дили сияҳи номаи аъмол
Чун субҳи ҳазар бо нафаси пок чаҳ дорӣ ?