Ҳаворогар ба фармон карда бошӣ

Ду сад бтхонаҳ вайрон карда бошӣ

Дили сангини худгар нарм созӣ

Фарангиро мусулмон карда бошӣ

Турои он рӯзи давлати рӯи намояд

Ки рӯ аз халқ пинҳон карда бошӣ

Саховат бо саховат пешагон кун

Ки бо як шаҳр эҳсон карда бошӣ

Танурат гарм бошад ҳамчуи хуршед

Қаноатгар ба як нон карда бошӣ

Чу лолаи сурхи рӯ аз хоки хезӣ

Агар доғӣ ба домон карда бошӣ

Ҳавасро ишқ кардан ончунон аст

Ки мӯриро сулаймон карда бошӣ

Ба ибрати зин тамошогоҳ кун сулҳ

Ки оташро гулистон карда бошӣ

Буруни оради сар аз дарёи ҳубобат

Ҳаворогар ба зиндон карда бошӣ

Агар пеш аз раҳил аз хоби хезӣ

Сафарро бар худ осон карда бошӣ

Туро аз ҳарфи лаб бастан чунон аст

Ки Юсуфро ба зиндон карда бошӣ

Нагардад хира аз хуршеди тобон

Нигоҳиро ки ҳайрон карда бошӣ

Шавад равшани турои ҳоли ман он рӯз

Ки ахгар дар гиребон карда бошӣ

Нахоҳӣ гирди олами гашти соиб

Агар дар хеш ҷавлон карда бошӣ