ДлФрўзсти ҷоми хомӯшӣ
Моу айши мудоми хомӯшӣ
Нутқ ҳар чанд бо шиква буд
Нест бо эҳтишоми хомӯшӣ
Аз ҳаводис кунад спрдорӣ
Теғи ҷонро ниёами хомӯшӣ
Эмин аз инқилоби саҳв ва хатост
Малик бо интизоми хомӯшӣ
Зрдрўиӣ намекашад зи хумор
Бодаи лаъли фоми хомӯшӣ
Дили торикро кунад равшан
Нури моҳи тамоми хомӯшӣ
Ҳаргиз аз бодаи пушаймонӣ
Нашавад талхи коми хомӯшӣ
Надард парда касе ҳаргиз
Дар маҷолиси мақоми хомӯшӣ
Пеши орифи биҳишт дарбаста аст
Файзи доруссаломи хомӯшӣ
Файзи зикр хФӣ диҳад ба нафас
Аҳли ҳақро давоми хомӯшӣ
Мори ангуштро бикӯбад сар
Сухан бо низоми хомӯшӣ
Пастӣ нутқ мешавад маълум
Чун броиӣ ба боми хомӯшӣ
Дрнёид ба сари зи тундравӣ
Ҳар ки дорад зимоми хомӯшӣ
Покбозони маҳвро набӯд
Боқии локломи хомӯшӣ
Дар назар баҳр орамида буд
Соиб аз эҳтишоми хомӯшӣ