Ҳарфи он лаб дар миёни афканда Эй
Шӯри маҳшар дар ҷаҳони афканда Эй
Дар либоси чашми оҳӯи борҳо
Хешро дар корвони афканда Эй
Ғунчаи хуши ҳарфро бо сдзбон
Меҳри ҳайрат бар забони афканда Эй
Шӯриши ишқу ҷунунро чун намак
Дар хамири хокёни афканда Эй
Аз хироми ҳамчуи оби зиндагӣ
Ларза бар оби равони афканда Эй
Чеҳраи гулро ба шабнами шаста Эй
Об дар саҳрои ҷони афканда Эй
Шӯри маҳшарро намак чаш карда Эй
Дар даҳони дилбарони афканда Эй
Чун рутаби ширини лабони аҳд ро
Чокҳо дар устихони афканда Эй
Дар либоси чашми оҳӯи борҳо
Соя бар саҳройӣони афканда Эй
Хам шудааст аз бори миннати пушти хок
Гавҳар аз баси ройгони афканда Эй
эй басои гавҳар ки аз шарми карам
Дар канори мо ниҳони афканда Эй
Ошиқонро аз хаёли худ ба нақд
Дар биҳишти ҷовдони афканда Эй
Олимиро душман мо карда Эй
Дӯстӣ бар дигарон афканда Эй
Бӯса бар дастат , ки тири ғамза ро
Бетаъаммул бар нишони афканда Эй
Соиб аз афкори мавлонои рӯм
Турфаи шурӣ дар ҷаҳони афканда Эй