По ба адаб на ки захм хор наёбӣ

Бор ба дилҳо манеҳ ки бор наёбӣ

То ба ҷигар нашиканӣ ҳазор таманно

Синаи ришу дил фигор наёбӣ

То нафаси хешро шимурда насозӣ

Дар дили худ айш бешумор наёбӣ

То накунӣ аз ғизо ба хоки қаноат

Раҳ ба сари ганҷи ҳамчу мор наёбӣ

То нахурд киштии ту силии тӯфон

Завқи ҳам оғӯшӣ канор наёбӣ

То накунӣ чун кулем доғи забон ро

Роҳи сухани пеш кирдигор наёбӣ

То ба сар бекасон чу шамъ насӯзӣ

Шамъи пас аз марг бар мазор наёбӣ

То нарасонӣ ба об , хонаи тан ро

Роҳ бурун шуд азин ҳисор наёбӣ

Гирди таъаллуқи зи хеш то нФшонӣ

Оинаи рӯҳ беғубор наёбӣ

Роҳи фано тай намешавад ба ръўнт

Пояи Мансурро з дор наёбӣ

Рӯй чу зари корро чу зар кунад ӣнҷо

Барг нигардида зард , бор наёбӣ

Партави қаҳр ҳақаст тоъат бе завқ

Кор макун то нишот кор наёбӣ

Мушт ғуборӣаст ҷисм , рӯҳи савораш

Оҳи дарин гирд агар савор наёбӣ

Киштии азми ту сахти суст Аннан аст

Тарсами азин баҳри хӯн гузор наёбӣ

Соя бол ҳумост давлати дунё

Соя ба як ҷой пойдор наёбӣ

Хез ва шикорӣ бикун ки дар ду се ҷавлон

Гардии азин дашт пуршикор наёбӣ

То накунӣ тарки эътибор чу соиб

Дар назари ишқ эътибор наёбӣ