зи худ тиҳӣ шудаам то навозем ба дамӣ

Чу не агар кунем банди банд , нест ғамӣ

зи ҳимматати ҳабашии рутба Қурайшӣ ёфт

Қабули рой ту хоҳад кунад араб , аҷамӣ

Ҳар он ки дар раҳи ту сар наад ҳануз кам аст

Ҳазор саҷда шукр оварад ба ҳар қадамӣ

Камоли зоти туро фаҳми каси куҷои синҷид

Ки кӣ иҳота тавонад вуҷӯдро адамӣ ?

зи тўФи кӯии ту даврами фалак чаро андохт

зи даст чарх надорам ба ғайр аз ин алмӣ

Кашами ғами ту ба ҷон то нафас буд боқӣ

Ки нест ҳеҷ дамӣ бе шиканҷаи ситамӣ

Шикастаи равнақи асном гарчи дар аҳдат

Ман аз хаёл ту дорам ба дили ниҳони санамӣ

Ту подшоҳи ҷаҳон , ман каминаи соили ту

Раҷои зи шоҳи гадоро буд даму қадамӣ

Гуҳӣ фиғон кунаму гоҳи гиряи ангезам

Шинави зи нағмаи ушшоқи хеши зеру бамӣ

Гадои кӯии туро бар ҷабин буд пайдо

Нишони давлати боқӣу ҷоҳу муҳташамӣ

Шикастаи косаи обӣ ки бенаво дорад

Кунад ба хориқи одоти кори ҷоми ҷамӣ

Нашуд тарашшӯҳи ашками зи дида кам ҳаргиз

зи хӯн агар ба дилам буд то гумон наме

Аз он замон ки чапу ростро шинохта ам

Ба ғайр доғ надидам ба дасти худ дарме

Нишони ишқу муҳаббат ба олу асҳобат

Ба хати котиб сунъаст дар дилами рақамӣ

Куҷои хаёл съидо расад ба канаи камолат

Чисон муҳосира созад вуҷӯдро адамӣ ?