Он ки номаши ҷон ҷононаст он ҷонони мост

Он ки қурбон мешавад ҳрдм ба ҷонон , ҷони мост

Машраби мо тарки дунё , мазҳаби мо нафии ғайр

Дайни мо исботи ҳақу куфри мо имони мост

Мо ба дашт бехудӣ ва беғамӣ ху карда ем

Суҳбати аҳли такаллуфи қайди мо зиндони мост

Халъати мо хирқау тоҷи киёнии тарки сар

Муфлисиҳо дастгоҳ , афтодагиҳо шаъни мост

Зинда мегардад дили афсурда аз фарёду оҳ

Ҳркҷо чашмӣаст гирён , чашмаи ҳайвони мост

Зоди мо ифлосу роҳи мо тариқи фақр [ ва ] ишқ

Дар ҷигар ҳаркас надорад оҳ аз ёрони мост

Ҳилаҳои нафаси дуни моро съидо [ хор ] кард

Гар бимиради нафаси рӯбаҳ , шер дар фармони мост