Шодӣ ҳар ду ҷаҳон аз дили ғамгин ман аст
Софтар зи оинаи меҳри фалак , кин ман аст
Брҳмн , сӯрати он бут ки тўош май ҷӯӣ
Мъниши нақши хаёли дили сангин ман аст
Ду ҷаҳони як қадаҳи оби намояд ба назар
Ҷоми ҷами нашъае аз косаи чубин ман аст
Сарви дармонда ба гул аз ҳаваси мисроъам
Гули парешон шудаи маънии рангин ман аст
На ҳамин аҳли ҷаҳони мадҳ ва санохон мананд
Ки малик бо фалакаш дар паии таҳсин ман аст
Гиряу сӯзу гудозу дили хуррам чун шамъ
Мазҳабу миллату кеши ману ойин ман аст
Кӯҳ шуд реги равон то ба канорам омад
Баҳри симоб , нами муваҷҷаҳи таскин ман аст
Хотирӣ каз ду ҷаҳони ком умедаш набӯд
Нест гар ҳаст съидои дили мискин ман аст