Хам дар хурӯшу ҷӯши зи хамёза ман аст
Ин даврро қадаҳ на ба андоза ман аст
Мазмуни бикр ғайр хамӯшӣ наёфтам
Бастани лаб аз сухан , сухани тоза ман аст
Ранг паридаам пару болам [ шикастанӣ ] аст
Буии гулами ҳавои ту ҷмозаҳ ман аст
Он дафтари дарахти хазон дидаам ки бод
Доим ба фикр бастани шероза ман аст
Дар даст , доғи ҳасрати васли ту ҳар замон
Аз бӯстони яъс , гули тоза ман аст
Барқ аз шикваи шуълаи оҳами шарораи баст
Фарёди раъд , шуъбаи овоза ман аст
Дар размгоҳи ишқи съидо ба рӯй зард
Машшотаи теғ , хӯни ҷигари ғоза ман аст