Аз роҳи дидаи дил бар ҷонон равад равост

Ин қатраи фитода ба Аммон равад равост

Оташ ба боғ дар зада имрӯзи ҳасан ӯ

Парвонаи ҳам ба сайр гулистон равад равост

Бо ошиқони пок чаҳ нисбати рақиб ро

Худ мурдае миён шаҳидон равад равост

Рафтам зи хеш то бар ҷонон ва гуфтамаш

Гар ошиқӣ ба кӯии ту пинҳон равад равост

Набӯд аҷаб ба гирди лабаш хат намӯд кард

Хизрӣ агар ба чашма ҳайвон равад равост

Майли насими зулф ту дорад дили хароб

Ин киштии шикаста ба тӯфон равад равост

« ҳуби алўтн » шароити имон чу гуфта анд

Юсуф агар ба дидан канъон равад равост

Аз хеш ҳар киро сари савдоӣ рафтан аст

Гар сар ба ҷайбу пой ба домон равад равост

Юсуф агар зи дасти Зулайхои рӯзгор

Пероҳани дарида ба зиндон равад равост

Аз дастбурди ақли съидо дар ин замон

Маҷнӯн агар ба кӯҳ ва биёбон равад равост