Чашм ӯ дар бурдани дил бегуноҳ афтода аст
Дилрабоеи шеваи чашми сиёҳ афтода аст
Бо гулат монанд созад ё ба хуршеду қамар
Дар миёни ин се , дил дар иштибоҳ афтода аст
намешавад нилӯфари он рухсора гоҳе аз насим
Аз назокат бар Рахши тоб аз нигоҳ афтода аст
Аз ғубори синаҳо пӯшида шуд роҳи умед
Бскаҳи толеъи кушта дар ин шоҳроҳ афтода аст
Хотир зоҳид нашуд фориғи зи фикри бӯрё
Доимои ин нақш дар ин коргоҳ афтода аст
Қадрдони ошиқи содиқ буд он пурғурур
Каз саводи хати шикастӣ дар сипоҳ афтода аст
Тизгомиҳои давлат кун қиёс аз офтоб
Субҳ то бардошти сршомши кулоҳ афтода аст
Ман гадои кӯии он султони бахтам каз ниёз
Чун гадоён бар дар ӯ подшоҳ афтода аст
Май навозад раҳматаш гӯйанд ҳар ҷо осӣӣ аст
Вой бар ҳоли съидо бегуноҳ афтода аст