Ғами димоғамро парешон карда аст

Нолаи ҷисмамро Нитсаатон карда аст

Ҳар гадоиро ки чун аз худ гузашт

Фақрро нозам ки султон карда аст

Ҳар ки осон дид даври чарх ро

Мушкилиро бар худ осон карда аст

наметавонад ҷисми моро ҷон кунад

Ҷони худро он ки ҷонон карда аст

Маънии одами з ҳар нақшӣ махоҳ

Сӯраташро гарчи инсон карда аст

Дояаш бас меҳрбонасту латиф

Тифли мо худро гурезон карда аст

Аз табассуми дӯш дар бозори ишқ

Дилбари мо шукр арзон карда аст

Каъбаи дилро намедонад чаҳ суд ?

Шайхи гӯи қатъ биёбон карда аст

Сар ба ҷайби фикр , сӯфӣ зон барад

Сайри ҷинат дар гиребон карда аст

То ба ҷӯш омад съидои баҳри дил

Нутқи моро гўҳроФшон карда аст