Гарчи зулфат ба миёни баста ба як занҷирӣ аст
Дар миёни ману дидори ту як шбгирӣ аст
Ин на шамсаст ки ҳар рӯз такопу дорад
Балки бигурехта аз дасти фано нахҷӣрӣ аст
Нақши дебо на паии зеби қабо бофта анд
Балки ҳар нақш дар ӯ пнчаҳ домнгирӣ аст
Турфа ҷоеаст ҷаҳон ҳар ки дар ӯ ме ояд
То дар ӯ ҳаст паии кору пай тадбирӣ аст
Чанг дар домани шому саҳар ва субҳ бизан
Мунтазир бош ки дар ҳар нафасӣ таъсир аст
Ҳар чаҳ дар мадҳ қадаш гуфта шавад кӯтоҳ аст
Сарв аз таркиши он сахти камони як тирӣ аст
Ду қадам дар паии як марди худо рост нарафт
Нафаси аммораи съидо чаҳ аҷаб беперӣ аст