Чоки пероҳани ёру назари пок , яке аст

Гӯшаи домани поку дили ғамнок яке аст

Баъди мурдани нкшми миннати ороиши қабр

Чун баради хоби гарони тахти зару хок яке аст

Матлаб аз сайри чаман рӯй ту бошад мо ро

Чун ту манзур набошӣ гулу хошок яке аст

Даст бурдор зи ҷон чун аҷалат кард асир

Сайдро гӯшаи дому сари фитрок яке аст

Баҳр ва бар ҳар ду съидои з азал ёронанд

Дил ҳасрат задау дидаи намнок яке аст