То бо ту аз он гӯшаи абрӯ назарӣ ҳаст

Сӯзи ҷигару чашмтар ва дардисарӣ ҳаст

То сар нанаҳй бесар ва сомон нанишинӣ

Чун киштӣ тӯфон зада ҳар дам хатарӣ ҳаст

То ҳаст дар ин ҷисм , зи ҷони сӯрати холӣ

Бар носиаҳи ман зи муассир асарӣ ҳаст

Ин ҳастӣ мавҳумаи мо шоҳид баъд аст

Парвона кабобаст ки то бол ва парӣ ҳаст

Аз новаки он сахти камон рӯй нтобам

Чун оина аз синаи съидо сипарӣ ҳаст