Май аз ангур шуд майхона аз кист ?
Бут аз кофар буд бтхонаҳ аз кист ?
Рӯй аз ҷо ба ҳар овози пое
Агар доне ки ин афсона аз кист
зи маҷнӯн кӣ гурезади Тифли ваҳшӣ
Агар донад ки ин девона аз кист
Набинад чашм ӯ ноошноӣ
Агар донад касе бегона аз кист
Дар ин меҳмонсарои касро макун айб
Гшо чашмӣ бибин кошона аз кист
Ҳақиқатро тамошо кун дар ин базм
Мубини даст ва бибин паймона аз кист
Ту худро соҳиби хирман чаҳ созӣ
Тафаккур кун ки асли дона аз кист
Дар ин мотами сарои ақли обод
Биҷузи дили шеваи мастона аз кист ?
Туро бо соҳиби кошона роҳӣ аст
Чаҳ май пурсӣ съидои хона аз кист ?