зи оламаш чаҳ хабари он ки ӯ парешон нест

Надидаи лиззати сармои танӣ ки урён нест

Суфоли хонаи мо бишиканади сари фағфур

Ки мӯри кулбаи мо камтар аз сулаймон нест

Чу бодаи хӯни ҷигари нӯшу завқро дарёб

Чаҳ нашъаҳо ки дар ин оби соф пинҳон нест

Маро дар оина дил намӯд ҷонони акс

Ки ҳеҷ оинаро тобу тоқат он нест

Ба хоки пои ту дар дил чаҳ гӯшаҳо холӣ аст

Гумон мабар ки дар ин хонаи ҷой меҳмон нест

Ба ҳар хаёл чу маънӣ саросарӣ рафтам

Кадоми сина ки аз доғ ӯ гулистон нест ?

Ба ғайри ёри съидо дар ин сарои хаёл

Ҳамеша кист ки аз кардаҳо пушаймон нест ?