Манзури ман ҷуз ӯ чаҳ буд дар назар ки нест

Аз ҳоли дил чаҳ шиква кунам бехабар ки нест

Ҳарф аз даҳон ӯ чаҳ занами роҳи ҳарфи кӯ

Бар он миён чаҳ даст тавон зад камар ки нест

Афтодаам чу мурғи кабобӣ дар ин диёр

Азми кадом шаҳр кунам болу пар ки нест

Шодӣ раво надошт вале чун кунад фалак

Дар корхонааш ғам аз ин бештар ки нест

Як тири оҳи хастаи дилон коргар нашуд

Бар ҷони косаи пушти фалак бесипар ки нест

Гардуни куҷо қабул кунад ҳарфи муфлисон

Дар хонаи бахили гадои муътабар ки нест

Ширин кунад каломи съидои мазоқи дил

Чун хомаи неи қаламаш бешукр ки нест