Биҷуз аз бухл дар ин даври замон чизе нест
Ҷузи ҳасади пешаи ин одамиён чизе нест
Бе ниҳоли қади всиби зқну наргиси чашм
Сайри боғу чамани воби равон чизе нест
Қоматат хам шуд ва аз новаки дам ҳеҷ намонад
Гӯшае гир ки бетир , камон чизе нест
Гар шавад чашми дил аз хоби гарони вои доне
Молу ҷоҳу ҳашаму ганҷи равон чизе нест
Эътимодӣ набӯд бар караму лутфи ҷаҳон
Такя бар сояи ин сарви равон чизе нест
Чаҳ кашии миннати гардун ки варо дар таркиш
Ғайри тири нафаси сӯхтагон чизе нест
Аз рафиқони матлаби марҳами захми дили риш
Ки дар ин тайифаи ҷузи лутфи забон чизе нест
Бар ҳамон чиз ки дории ту съидои рағбат
Бештар аз ҳама бингар ки ҳамон чизе нест