Ломаконии туу имкони ту бечизе нест

Наҳй дар олами фармони ту бечизе нест

Аз гиребони ҷаҳони сар ба даровардаи маро

Даст дар гӯшаи домони ту бечизе нест

Сад ҳазорон ба таманнои ту чун Исмоил

Волау куштау ҳайрони ту бечизе нест

Рӯбарӯ бо дили маҷрӯҳи ситамдидаи мо

Ҳалқаи зулфи парешони ту бечизе нест

Дар гулӯи ашк гиреҳ гашта ва хӯн ме гарем

Нолаи зори зи ҳиҷрони ту бечизе нест

Намакии рехта гуё ба дилат аз шӯрам

Гиряам зон лаби хандони ту бечизе нест

Худнамоеаст магари қасди ту бо халқи ҷаҳон

Ки чу гули чоки гиребони ту бечизе нест

Хӯрдае теғи нигоҳии магар аз даст касе

Ки ба дили захми намоёни ту бечизе нест

эй съидои лаби ширин ки дорӣ ба хаёл

Тӯтии табъи ғзлхўони ту бечизе нест