Аз раҳи айшу нишот , эй чарх гардидан надошт
Дар замони мо бисоти хеш барчӣдан надошт
Дӯш бар шухии нигоҳи ҳайратам афтода аст
Каз назокати ҷисм ӯро ҳамчуи ҷон дидан надошт
Дар чамани ҷузи рехтани хӯни суроҳеро ба ҷом
Даст безинҳор ӯ пурвои гул чидан надошт
Офтоб аз абри гармӣ бештар бахшад ба халқ
Рӯй худро дар ниқоби зулф печидан надошт
Карда будӣ дар алиф бе машқи бедодии тамом
Хат баровардӣу бози ин машқ варзидан надошт
Ҳоли моро дар тарозуии риёзати ин қадар
эй сарати гирдам , бидиҳ инсоф , санҷидан надошт
Карда будӣ худ қабули он ки ман бе ҳосилам
Боз аз бетоқатӣ чун бед ларзидан надошт
Дар муҳӣти бихўдии норафтаи гомии ҳам зи хеш
Гирди вои хеш чун гирдоб , гардидан надошт
Дидау дониста аз ҳақи чашм пӯшидан хатост
Ошноро ҳол аз бегона пурсидан надошт
Рӯзи маҳшар ҳар сари мӯи шоҳиди кирдори мост
Рӯсияро ин қадар бар нома печидан надошт
Осмони гӯ бар муроди мо съидо гар нагашт
Аз чунин бедасту поеи ҷой ранҷидан надошт