Дидае кони субҳро дар хоб ёфт

То ба гардани хешро дар об ёфт

Аз дар майхона рӯгардон машав

Ҳар ки чизе ёфт аз ин боб ёфт

Умрҳо бояд ки дили печад ба зулф

Шона кӣ як мӯиро бетоб ёфт ?

Ҳар ки шуд бедор аз хоби гарон

Мосўои хешро дар хоб ёфт

Оқибати хоҳии съидо ҳақ бихоҳ

Бемусаббиб кӣ касе асбоб ёфт ?