Моро намӯд рӯй вази мо рӯнамо гирифт

Охир ҳар ончӣ дошт ба дил муддао гирифт

Гул то ба кӣ ба хотир ҷамъаст ғунча хусб

Бодом гашта хастау наргис Асо гирифт

зи аҳли ҷӯади ном ва нишоне намонда аст

Фикрӣ кун эй Карим , ҷаҳонро гадо гирифт

Хуршед , рашки грмрўиҳои ӯ барад

Дар ҳар дилӣ ки зарраи ишқи ту ҷо гирифт

Аз ин ҷаҳон касе ба саломат гузар кунад

По аз миён кашиду тариқ бало гирифт

Габрӣ ки ҳар замон ба бутӣ саҷда ме намӯд

Оё зи бут чаҳ дид ки роҳ худо гирифт

Чашмам дар дасти мардумаки дида дар раҳаш

Аз гирд ва аз ғубори басӣ тўтё гирифт

Бар маснади хилофат ва бар садри базми ҷоҳ

Зоҳид надошт рутба ба зӯр риё гирифт

Аз чокарони ҳасани ту дар хонаи нигоҳ

Ҷои бештари зи ҷумлаи мардум ҳаё гирифт

Хуршеди доғи гашти масеҳо кабоб шуд

Рӯзӣ ки бӯса аз кафи поят ҳино гирифт

Радаст пеши ҳиммати мо он ки аз тамаъ

Домии ниҳоду сояи бол ҳумо гирифт

Мо бехабар ба соҳилу дасти дарози мавҷ

Анбари фатила Эйаст ки аз доғ мо гирифт

Озод шуд зи қайди съидо ба ҳар ду кун

Хушҳоли бандае ки тариқ шумо гирифт