Шӯхи мо расми қил ва қол гирифт

Ошиқонро забон ҳол гирифт

Ҳар ки девони хату хол ту дид

Шодмони гашти ҳасб ҳол гирифт

Сарви қади ту дар канори дилам

Ҷой ту кард хуш камол гирифт

Аз карямони рӯзгори имрӯз

эй хушо он ки инфеъол гирифт

Хотирам аз хаёл чун ва чаро

Дар сухан чун забон лол гирифт

Ёди нахли ғамат съидо кард

Решаҳо дар дили ин ниҳол гирифт