Ҳар ки омад умри худро сарф сомон кард ва рафт

Шамъро нозам ки ҷисми хешро ҷон кард ва рафт

Тешаро бар сар на аз бетоқатӣ Фарҳод зад

Кӯҳ канданро барои хеш осон кард ва рафт

Гиряам кӣ ҳамчуи шабнами миннат аз гул ме кашад

Ашки ман аз гиряи ман гул ба домон кард ва рафт

Доштам зон перҳан [ бӯе ] чу гул дар ҷайби хеш

Срзди оҳии субҳи онро дар гиребон кард ва рафт

Ғунчаро омад насим ошуфт бигузашт аз чаман

Нолаи булбули дили гулро парешон кард ва рафт

Накҳатӣ аз турраи ҷонон насим оварад дӯш

Булбули табъи съидоро ғзлхўон кард ва рафт