зи ман ҷони хост ҷонон гуфтамаш аз ҷон ба ҷони миннат
Бҷон ва дил кашӣдан ме тавон аз ҷони ҷони миннат
Миёни мо ва ӯ роҳи сухан аз дил ба дил бошад
Ки натавонад гузорад бо адои фаҳмони забони миннат
Қабули шебу боло кӣ кунад табъи баланди мо ?
зи пастии ҳиммат исо кашид аз осмони миннат
Ҳуморо ошён май буд агар дар таври ҳиммати ҷо
Ба санги серумае кӣ мекашид аз устихони миннат
Аз он як дам ки бар гардуни қадам дар рафт ва омад зад
Кашад аз пой ӯ то рӯзи маҳшари осмони миннат
Ба зардӣ рӯй то биниҳод хуршеди ҷамоли гул
Ба ҷои тўтё наргис кашад аз заъфарони миннат
Ба сахту нарми гардун чун кунам сурхам ки аз олам
Бурун меояд ва кӣ мекашад тир аз камони миннат
Назар аз пушти пои хеши ҳаргиз барнаме дорад
зи баси он чашм Шаҳло мекашад зон абрувони миннат
Матоъ нозанинон нест ғайр аз ноз дар олам
Ки Юсуф кард бори хештан бар корвони миннат
Ба умедӣ ки аз як каси кушояди ин гиреҳ шояд
Съидо мекашад то ҳашар аз перу ҷавони миннат