Ба бастан камараш нест он миёни боис

Ки фикри мо шуда чун мӯӣ дар миёни боис

Ҳар он ки ҳар чаҳ ба мо карда аз ту донистем

Чаро ки ғайри ту кас нест дар миёни боис

Асар ба нолаи чанг аз қад хамида ӯст

Ки тирро ба паридан буд камони боис

Кашӣдан ин ҳамаи миннати зи хору хаси булбул

Сабаби назораи гул буд ошёни боис

Зуҳӯри мабда ҳар гул ки буд донистем

Сабаби нузули ту будӣу боғбони боис

Касе ба ризқи съидо чаро ғамин бошад

Ки шуд замини сабаб ӯроу осмони боис