Давраст ва ҳамин боғу баҳорӣ ва дигар ҳеҷ
Моиему кафи дасти нигорӣ ва дигар ҳеҷ
Зӯҳҳод надоранд ҷузи ин нақду қумошӣ
Сад донаи тасбеҳи шуморӣ ва дигар ҳеҷ
зи асбоби ҷаҳон дӯст надорем ҷузи ин се
Ҷом майу ёрӣу канорӣ ва дигар ҳеҷ
Ҳамчун ҷарас эй каъбаи мақсӯд дар ин роҳ
Дорем ҳамин нолау зорӣ ва дигар ҳеҷ
намегуфт ба гули булбули мискин ки дар ин боғ
Моием ва ҳамин заҳмати хорӣ ва дигар ҳеҷ
Маъзӯр ки чун рӯй намое ба хилоиқ
Моием ва ҳамин ҷони нисорӣ ва дигар ҳеҷ
Ғайр аз тан афсурда надорем паноҳӣ
Моием ва ҳамин куҳнаи ҳисорӣ ва дигар ҳеҷ
Бар умр макун такя бизан нақш бар обӣ
Давраст ва шаш ва панҷ қиморӣ ва дигар ҳеҷ
Зон умри гиронмоя ба инем тасаллӣ
Гоҳе назар аз роҳгзорӣ ва дигар ҳеҷ
зи ин роҳи расиданд ба мардии ҳамаи лекин
Моием ва ҳамин гирду ғуборӣ ва дигар ҳеҷ
Сад шукр ки дорем чу симоби съидо
Дар чоҳи ғамаши сабру қарорӣ ва дигар ҳеҷ