Зинҳор чун ҳубоб мапурс аз нишони субҳ
Бар ҳам задааст мавҷи ҳавои хонадони субҳ
Шодӣ макун ки бахти сиёҳам сифед шуд
Пӯшида шуд зи хандаи биҷои даҳони субҳ
Аз ҷайб хеш мекашад ин қурси гарм ро
Ҳар кас ки мешавад нафасии миҳмони субҳ
Бе амри рӯзи қисмат рӯзӣ наме кунанд
Девонёни матбахи алвон [ хон ] субҳ
Чун шаб мазан ба бе адабии дам , ки офтоб
Аз оташ , об дода ба теғи забони субҳ
Аз ҷабҳаи ҳоли аҳли саодати тавон шинохт
Пӯшида кӣ шавад зи ту рози ниҳони субҳ
Гуфтои радиф [ ва ] қофияи ин ғазал ба фикр
То ҳол кас накарда чунин имтиҳони субҳ
Бе оҳи сарди дил натавонад кашӣданаш
Хамёза шабаст съидои камони субҳ