Ҳаргиз надидаам гиреҳӣ бар ҷабини субҳ
Дорам ниёзҳо ба рухи нозанини субҳ
Шуд офтоби доғи намоён ба ҳар ду кун
Дасти насими шаб чу шикасти остини субҳ
Набӯд аҷаб чу ғунча агар пошам аз насим
Дорам дамӣ чу буии гули он ҳам раҳин субҳ
Бар офтоб рӯй ту аз ҳалқаҳои зулф
Гуё ки мечакад арақи ёсамини субҳ
То дид хешро зи хиҷолат ба бод рафт
Ойӣна Эйаст зангии шабро ҷабини субҳ
Ойини субҳу машраб ӯ рӯз равшан аст
Кофар агар наёвард имон ба дайни субҳ
То шуд аёни кушодагии ҷабҳаи ?ут ба халқ
Дар даври ҳасан рӯй ту меҳраст кини субҳ
Бурдор остин бинмо доғи хеш ро
Равшан шавад ҷаҳони зи гули оташини субҳ
Ҳарф дуруст гӯямат эй дили зи тӯли умр
Аз кӯтаҳӣ нахурда шикасти остини субҳ
Чун шиша майаст зуҳӯру бутуни мо
Набӯд ҷудои зи ҳам дили субҳу ҷабини субҳ
Аз фикри обдори съидо чу офтоб
Гулҳо шукуфта аз ғазалам дар замини субҳ