Чу дид ҷисми маро ҷой орамидан , рӯҳ

Нёрмид дар ин ҷисм аз тапидан , рӯҳ

Ғубори кӯй ту донист ҷисмро варна

Надошт тоқати ин мушт гул кашӣдан , рӯҳ

Қабул ҷисм намекард агар ки ме донист

Шароби мӯат дар охири нафас чашедани рӯҳ

Ҳазор мартаба дар гӯши ман гирифтаи қарор

Барои як сухан аз лаъл ӯ шунидани рӯҳ

Ба ҳеҷ боб дигар ром кас наме гардад

Ниҳод чун дили худ бар сар рамидани рӯҳ

Чҳо ки дида нигардидааст дар чашмам

Барои як назар аз давр бар ту дидани рӯҳ

Алоҷ нест ки тани по дароз хоҳад кард

зи ҷисм чун кунад оҳанг саркашидани рӯҳ

Дамид хат чу съидо ба гирди оризи ёр

з ҷисм кард хаёли буруни дамӣдани рӯҳ