эй Хизри хуи гирифтаи мазоқам ба оби талх
Беҳтар буд зи оби ҳаётами шароби талх
Зоҳид [ ҷабин ] сирка фишон ту рӯбарӯаст
Инсоф нест боз бигӯе ҷавоби талх
Дилбартараст лиззати ғифлати зи огаҳӣ
Ширин тараст аз ҳама бар нафас , хоби талх
Бастии зи хашми бози миёнро ба қатли ман
Ширин намӯд аз камарати печу тоби талх
Як кас намонад оқил ва меоб шуд зи шарм
Чашмат чу кард бар сари мардум , итоби талх
Донанд чист лиззати айши мудомашон
Фардо чу сар ниҳанд ба пои ҳисоби талх
Дилгир гаштаем съидо дигар зи дил
Ошуфта карда роиҳаи ин кабоби талх