Нигарем баъд аз ин тарсам ки дили хӯн ҷигар гардад

Насузам синаро доғаши мабодои чашм тар гардад

зи хуршед ҷамолаш нест бокам бим аз он дорам

Ки хат пайдо шавад бар он руху давр қамар гардад

Ба хоки он кафи по рӯй худ май моламу шодам

Ки мис бар кимиё чун бархӯрд албата зар гардад

Чаҳ кам дорад ки дорад хонаи зодии ҳамчуи зулфи худ

Ки гуҳ бар поиш уфтад гуҳ ба қурбон камар гардад

Ба ин қадари гарон эй ноз бо кокул чаҳ май пайчи

Гузори ин сар ба пои афкандаро бар гирд сар гардад

Ҳавои хокистарашро боз дар парвоз май орад

Мадони парвонаи баъд аз сӯхтан бебол ва пар гардад

Камоли худ съидо дидани нуқсон худ бошад

Агар бинои шӯй бар айби худ айбат ҳунар гардад