Замин аз ашки саргардони ман гирдоб ме гардад
Замон аз нолаҳои зори ман симоб ме гардад
Магари хуршед дар ин субҳ бо гули гарм сар карда
Ки аз густохяш дар чашми шабнам об ме гардад
Ба чашми толеъи мо судаи алмос агар пошӣ
зи чашми мо ниҳон ногашта он ҳам хоб ме гардад
Маро дар фақр ҳосил гашта эксири қаноати бас
Ки хокистар ба зери паҳлуам санҷоб ме гардад
Чисон машшота барбандад камар ёрб наме донад
Миёниро ки аз ташбеҳи мӯ бетоб ме гардад
Магари қасди шабихунии съидо осмон дорад
Ки имшаб бар сар вайронаам маҳтоб ме гардад